Дар Бадахшон зане пас аз гузашти 4 соли бефарзандӣ чоргоник ба дунё овардааст. Дар ин бора АИ “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Ин бори аввал аст, ки дар вилояти Бадахшон чоргоник ба дунё омад. Ба гуфтаи Саломатшо, модари чоргоникҳо чор сол фарзанд ёфта наметавонист ва баъди табобат соҳиби фарзанд шуд. Зан номи писаронашро Абӯбакру Умар ва духтаронашро Фотимаву Зӯҳро гузоштааст.
«Имрӯзҳо хонаи сокини деҳаи Сангеви љамоати деҳоти Қалъаи хуми ноҳияи Дарвоз Маҳдиҷони Шукрихудо пур аз меҳмон аст. Дар ин хонавода чаҳоргоникҳо— ду писар ва ду духтар ба дунё омаданд», — менависад манбаъ.
“Ҳатто одамони ношинос низ ба хона омада, маро табрик мекунанд. Ман чор сол пеш шавҳар кардам. Дар давоми чор сол фарзанд наёфтам. Баъди табобат дар шаҳрҳои Маскав ва Душанбе соҳиби ин чоргоникҳо гаштам”, — мегӯяд зан.
Ба гуфтаи пизишкони беморхонаи Дарвоз, ин бори аввал аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоргоникҳо ба дунё омаданд.
“Ман хеле хушҳолам, ки чунин бахти баланд насиби ман гардид”, — афзудааст зан.
Ба нигоҳубини чор тифл модари зан, ки худ момодоя будааст, ба духтараш кӯмак мекардааст.
Таваллуди чоргоник дар ВМКБ дар ҳолест, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе донишҷӯе чоргоник таваллуд карда буд. Заррина, ки сокини шаҳри Бохтар се духтарак ва як писарак ба дунё оварда буд.
Ҳамзамон моҳи июни соли равон дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров модари 35-солае, ки соҳиби чор се писар ва як духтар фарзанд таваллуд кард.