Мураббии маъруф, собиқ футболбози шинохтаи Фаронса Зайниддин Зидан дубора сармураббии клуби футболи “Реал Мадрид»-и Испания таъйин шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Зидан бо клуби шоҳона то 30 июни соли 2022 қарордод имзо кардааст. Зидан, ки солҳои 2016-2018 сармураббии ин клуб буд, аз 31-уми майи соли 2018 аз вазифааш канор рафт. Ҳоло ӯ дар ин вазифа Сантяго Солариро иваз кард.
“Реал” дар солҳои сармураббигии Зидан як маротиба унвони чемпиони Испания ва Суперҷоми Испания, ду маротиба Суперҷоми UEFA ва Ҷоми Чемпионати клубҳои ҷаҳонро соҳиб шуд, се маротиба дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ғолиб омадааст.
FIFA соли 2017 Зиданро беҳтарин сармураббӣ эълон карда буд. Охирин бозии ”Реал” зери раҳбарии Зидан 26 майи соли гузашта дар Киев баргузор шуд.
Дар ҳоли ҳозир “Реал” дар чемпионати Испания дар ҷойи сеюм буда, аз “Барселона”, ки пешсафи ҷадвал аст, 12 хол камтар дорад. Дар мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳо ин клуб дар ҳаштякфинал аз дастаи «Аякс»-и Амстердам шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза ҳазф шуд.