Дар хабар аст, ки ёвари сармураббии дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 17-солаи тоҷик Зайниддин Раҳимов ғорат шудааст. Маҳалли зисти Сафар Раҳмонов, ки дар омода кардани футболбозони наврас саҳм дорад, мавриди ҳамлаи дуздон қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, Зайниддин Раҳимов, ки чанде пеш бо шогирдонаш дар Ҷоми ҷаҳон ширкат кард, то кунун хона надорад, ёвараш Сафар Раҳмонов дар як вагон дар канори варзишгоҳ зиндагӣ мекунад.
Тавре Сайф Достиев ( Сайёфи Мизроб) сармуҳаррири ҳафтаномаи “СССР” дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад, Сафар Раҳмонов мурабии 2-юми дастаи мунтахаби футболбозони то 17-сола дар як вагоне, ки хонаи рахткании бозингарон аст, зиндагӣ мекардааст. Ин манбаъ аз номи Дилшод Шарифов менависад, ки дар вагоне, ки Сафар Раҳмонов зиндагӣ мекунад, дуздӣ шуда, як миқдор пули ин мураббиро ба яғмо бурдаанд.
Зайниддин Раҳимов ва ёвараш нафаронеанд, ки футболбозони навраси тоҷикро то ба финали Ҷоми ҷаҳон бароварданд ва аммо худ дар шароити баде зиндагӣ доранд.