Як афсари милиса дар муноқишаи миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар минтақаи наздимарзии Ворух-Оқсой рӯх дод, захмӣ шудааст. Ин иттилоъро Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ кардааст, ки як афсари масъулаш дар муноқишаи рӯзи 22-юми июл дар минтақаи наздимарзии Ворух-Оқсой захмдор шудааст. Вазорат мегӯянд, афсари милиса аз тири камон ҷароҳат бардоштааст.
Муноқиша миёни сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳи 22-юми июл сар зад ва дар натиҷаи он як нафар кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Муноқиша дар ҳоле сар задааст, ки қарор аст, президентҳои ду кишвар дар ин минтақа дидор ва гуфтушунид кунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки як афсари масъулаш дар Ворух ҷароҳат бардоштааст. Ба гуфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдурасул Шомирсаидзода, подполковники милиса ва сардори Маркази иттилоотии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, аз тири камон ҷароҳат бардоштааст.
Масъулини маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, Абдурасул Шомирсаидзода барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Ворух сафарбар шуда буд. Манбаъ афзуд, афсари тоҷик феълан дар беморхона буда, вазъаш муътадил аст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар баробари афсари милиса инчунин дар натиҷаи тирандозии тарафи дигар шаҳрванди Тоҷикистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола кушта ва 6 тани дигар шадидан маҷруҳ шудаанд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан гуфта буданд, ки дар муноқиша панҷ нафар захмӣ шуданд. Аммо рӯзи сешанбе бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба мақомоти Бодканд хабар дод, ки дар ҳодисаи рӯзи гузашта 15 нафар захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Ба гуфтаи манбаъ, 12 нафари онҳо аз тири силоҳ захмӣ шудаанд.
Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.
Акс аз саҳифаи Фейсбукии Иқбол Тешаев