Муноқишаи беасоси Қарабоғи Кӯҳӣ шурӯъ аз соли 1988, авҷи даргириҳои арманҳо дар қаламрави Озарбойҷон ва азоби талхи аҳолии бегуноҳи озарбойҷон, ки қурбони ин қавмзудоӣ шуданд, мутаассифона, бо хомӯшии бепарвоёна аз ҷониби ҳам роҳбарияти собиқ ИҶШС ва ҳам ҷаҳони мутамаддин қабул шуд. Таҷовузкорони арманӣ аз ин вазъ илҳом гирифтаву, онро ба манфиати худ истифода бурда, сиёсати наслкуширо ба муқобили озарбойчониҳо пайваста ба кор мебурданд, ҷиноятҳоеро содир менамуданд, ки мислашон таърих дар ёд надошт.

Фоҷиаи Хоҷалӣ яке аз ҷиноятҳои даҳшатноки садаи XX алайҳи озарбойҷониҳо буда, онро истилогарони арман — муаллифони сиёсати миллатпарастона, барои таҷассум намудани ормони деринаи худ дар бобати бунёд намудани «Арманистони Бузург» ва давлати яккамиллӣ содир кардаанд. Бетафовутии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Қаробоғи Куҳӣ бар асоси меъёрҳои ҳуқуқи башарӣ ва усулҳои ҳуқуқи байналмилалӣ боиси фоҷиаҳои нав дар интиҳои асри XX шуд, ғасбгарони арманӣ бидуни ҷазо монданд, ва дидаву дониста ҷиноятҳои худро дар заминҳои Озарбойҷон, ки аз соли 1905 шурӯъ намуда буданд, идома доданд,  худсарона марзҳоро шикастанд ва омори хунин барои қурбониёни хеш сохтанд.

Шаби 25 ба 26 феврали соли 1992 нерӯҳои мусаллаҳи истилогарон тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро вайрон карда, бар зидди аҳолии шаҳри муҳосирашудаи Хоҷалӣ техникаи вазнини ҳарбиро истифода бурда, бо бераҳмии бесобиқа таъқиб карданд, ва шаҳрро аз рӯйи замин несту нобуд карданд. Бояд гуфт, фоҷиае, ки дар Хоҷалӣ рух дод, ба бузургтарин ва хунбортарин ҳодисаи ин муноқиша табдил ёфт. Дар натиҷаи ин наслкушӣ, ки на танҳо бар зиддӣ озарбойҷониҳо, балки тамоми башарият равона шуда буд, 613 нафар, аз ҷумла 63 нафар кӯдак, 106 зан, 70 куҳансол кушта шуданд. 8 оила пурра маҳв шуданд. 487 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, аз ҷумла 76 кӯдак, маъюб шуданд. Илова бар ин, 1275 нафар асир ва 150 нафар бе ному нишон гардиданд, ки миёни онҳо 68 зан ва 26 тифлон буданд.

Хоҷалӣ ҳамчун шаҳри муҳиму стратегии Озарбойҷон дар ҳудуди маъмурии вилояти Қарабоғи Кӯҳистони Озарбойҷон, дар шоҳроҳи Ағдом-Шуша-Ханкендӣ-Аскеран, дар наздикии ягона фурудгоҳи минтақа ҷойгир буд. Аҳолии шаҳр беш аз 7 ҳазор нафарро ташкил медод. Азбаски ягона фурудгоҳи авиатсияи граждании минтақа дар ин ҷо ҷойгир буд, шаҳр аз ҷиҳати нақлиёт ва алоқа аҳамияти махсус дошт. Ин аст, ки ҳатто пеш аз оғози муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ ин шаҳр паноҳгоҳи бисёре аз гурезагон шуд.

Ногуфта номонад, ки фоҷиаи Хоҷалӣ яке аз ҳодисаҳои гӯшношунид ба шумор меравад, ва он низ чанд сабаб дорад. Дар мадди аввал, чи тавре, ки ба ҳамагон маълум буд Хоҷалӣ пурра деҳаи ғайринизомӣ буд, бидуни ягон истеҳкоми мудофиавӣ. Аз ин рӯ ҳамла бо истифодаи силоҳи вазнин ба муқобили шаҳрвандони оддӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ аз нуқтаи назари стратегӣ қабул карда намешавад, зеро ин амалиёт ягон бартарияти ҳарбӣ намедод. Яъне, истифодаи қувваи ҳарбӣ нодаркор ва аз ҳад зиёд буд. Дуюм он, ки  ҳамла дар оғози муноқишаи байнидавлатӣ ба вуқӯъ омад. Бидуни шубҳа, Арманистон ният дошт, ки озарбойҷониҳоро тарсонад, ва сӯистифода аз ҳолати равонӣ ва фишори омма намуда, амалҳои минбаъдаи таҷовузкоронаи худро давом диҳад. Чунин хулосаро метавон аз бераҳмии қотилон баровард. Зеро паррондани афроди бегуноҳ ва ба таври ваҳшиёна мавриди таҳқир ва бадрафторӣ қарор гирифтани ҷасади онҳо далели ҳаммаи ин гуфтаҳо буд.

Хусусият ва андозаи ҷиноятҳои дар Хоҷалӣ содиршуда тасдиқи онро доранд, ки ба Конвенсия “Дар бораи пешгирии ҷинояти наслкушӣ ва ҷазо барои он”, ки бо Қарори Ассамблеяи генералии СММ аз 9 декабри соли 1948 таҳти рақами 260 (III) қабул шудааст, комилан мувофиқат мекунанд. Муҷозоти оммавӣ ва бераҳмонаи қаблан тарҳрезишуда маҳз бо хотири комилан нест кардани сокинони маҳалии ин минтақа буд, ва танҳо ба хотири озарбойҷонӣ буданашон анҷом дода шуд. Ҷаллодони бадкирдор одамонро пӯст меканданд, узвҳои гуногунро мебуриданд, чашмони кӯдакони хурдсолро мекофтанд, шиками занони ҳомиларо чок мекарданд, одамонро зинда ба зинда гӯр мекарданд ё месӯзонданд, баъзе аз ҷасадҳоро ба маводҳои тарканда мебастанд. Ононе, ки мехостанд аз шаҳри дар алангаи оташ қарор гирифта фирор кунанд, низ дар амон намонданд; истилогароне, ки дар роҳҳо ва ҷангалҳо камин гирифта буданд, бечорагонро бо бераҳмии махсус ба қатл расонданд.

Қобили зикр аст, ки Арманистон дар давоми ҷанги 44-рӯзаи соли 2020 низ ба муқобили аҳолии осоиштаи Озарбойҷон чунин амалҳои ҷиноятиро содир намуд. Баръакси соли 1992, мушакҳои замонавӣ ва силоҳҳои кластерии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ манъшуда истифода шуданд. Мавриди ҳадафи системаҳои мушакии махсус қарор додани аҳолии осоишта, Арманистон бори дигар талаботи санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, Конвесияҳои Женеваи солҳои 1949 ва протоколҳои иловагии он, Конвенсия оид ба муҳофизати аҳолӣ дар давраи ҷанг аз 12 августи соли 1949 ва Конвенсия оиди ҳуқуқи кӯдаконро дағалона вайрон намуда, ҷиноятҳои ҳарбӣ ва террористии худро алайҳи сулҳ ва инсоният давом дод.

Ташкилкунандагони наслкушии Хоҷалӣ, ки ҷинояти зидди башарият аст, роҳбарияти сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Арманистон буд, ва иҷрокунандагони бевоситаи он бошанд, қувваҳои мусаллаҳи Арманистон, воҳидҳои террористии арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳайати шахсии Полки 366-уми тирандозии артиши Шӯравии собиқ, ки дар шаҳри Хонкендӣ мустақар буд.

Ногуфта намонад, ки ба ин муносибат маъракаи байналмилалии «Адолат барои Хоҷалӣ» сол аз сол васеъ мешавад, ва дар доираи он садҳо чорабиниҳо дар тамоми ҷаҳон баргузор мешаванд. Қариб дар ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, инчунин дар ИДМ, Осиё, Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ конфронсҳо, семинарҳо ва ҷамъомадҳо баргузор мешаванд. Фоҷиаи Хоҷалӣ аз ҷониби вакилони парлумони 31 кишвари ҷаҳон низ ҳамчун ҷиноят алайҳи башарият эътироф карда шуд. Дар донишгоҳҳои пешрафтаи 20 кишвари ҷаҳон ҳамчунин ҷавонон чорабиниҳову ҷамъомадҳо мегузаронанд.

Дар баробари ин, марҳилаи нави маърака оғоз ёфт — ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, Гурӯҳи Минскии САҲА, ПАСЕ, Котиботи СММ, парлумонҳои ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ арзномаҳо ва муроҷиатномаҳо, ки талаби эътирофи ин фоҷиаро ҳамчун амали наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи инсоният доранд, ирсол мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар робита ба 29-умин солгарди наслкушии Хоҷалӣ, раиси шаҳри Авентураи иёлоти Флоридаи Амрико 26 феврали соли 2021-ро Рӯзи ёдбуди наслкушии Хоҷалӣ эълон кард. Дар изҳороти раиси шаҳр омадааст, ки тибқи далелҳои мавҷудаи созмони мудофеъи байналмилалии «Human Rights Watch», наслкушии Хоҷалӣ бузургтарин ҷинояти ҳарбӣ дар минтақа маҳсуб меебад. Инчунин илова кардан бамаврид аст, ки то имрӯз зиёда аз 24 иёлоти ИМА низ наслкушии Хоҷалиро эътироф ва маҳкум карданд.

Дар айни ҳол фош намудани сабабҳои асосии ин наслкушӣ ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани ҳақиқати он яке аз самтҳои муҳими сиёсати берунаи Озарбойҷон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин барои оламиён кушодани ҳақиқати Хоҷалӣ, интишор намудани он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ин наслкушӣ додани баҳои воқеӣ иқдомҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар навбати худ аллакай чӣ будани ҳақиқатро хеле хуб дарк намудааст. Қарори махсусе, ки дар робита ба наслкушии Хоҷалӣ аз ҷониби Созмони Ҳамкории Исломӣ қабул шудааст, аввалин санадест, ки созмонҳои байналмилалӣ қабул кардаанд, ва ин фоҷиаро ҳамчун «ҷинояти зидди башарият» эътироф кардаанд. Дар Қарори қабулкардаи 51 давлат, фоҷиаи Хоҷалӣ ҳамчун «наслкушии оммавии аҳолии осоишта ва ҷиноят алайҳи башарият» арзёбӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки Озарбойҷон ҳадафи гирифтани ягон манфиати сиёсӣ, молиявӣ, ҳудудӣ ё дигар ҳадафҳоро аз ин масъала пайгирӣ намекунад. Мақсади мардуми Озарбойҷон – барқарор кардани адолати таърихӣ, ошкор кардани ҷинояткорон ва ба ҷавобгарии ҷомеаи ҷаҳонӣ кашидани онҳо мебошад. Роҳпаймоиҳои миллии марбут ба наслкушии Хоҷалӣ, ки ҳамасола ба ин хотир мегузаранд ва ба ҳукми анъана даромадаанд, муттаҳидии зичи халқи Озарбойҷон, эҳтироми амиқи онҳоро ба хотираи қурбониёни наслкушӣ нишон медиҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here