5-уми августи соли 2017, тахминан соати 02:30 дар назди дидбонгоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати КДАМ ҶТ дар минтақаи Кӯлоб ва отряди сарҳадии Ҳамадонии Раёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рух додааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистон бар зидди сар даровардани ғайриқонунии қочоқчиёни афғонистонӣ Ҳабибулло валади Насрулло Махсум соли таваллудаш 1983, Розгул валади Қаҳрамон соли таваллудаш 1983, бо тахаллуси «Қумондон», Башир валади Ҳомид соли таваллудаш 1978, бо тахаллуси «Девона», Маҳмад валади Давлатманд соли таваллудаш 1978, Камол валади Раҳматшо ва Муҳибулло валади Насриддин, сокинони вилояти Тахор вориди амал шуданд. Дар натиҷа ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз нашъаҷаллобон, шаҳрванд Ниёзов Алишер Мусоевич соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Инчунин, ду нафар қочоқчиёни афғон ба ҳалокат расида, дигар ҳаммаслаконашон дар кофтуков қарор доранд.
Ҳамин тариқ аз нашъаҷаллобон дар 3-адад халтаи полиэтиленӣ ба миқдори зиёд маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид, ки дар умум аз онҳо 114 килограмму
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.