Вакили парламенти Қирғизистон Ирина Карамушкина 12 сентябр дар як ҷаласаи парламент пешниҳод кард, ки забони русӣ дар ин кишвар забони дуюми давлатӣ эътироф карда шавад.
«Бар пояи Конститутсия мо кишвари дунявии демократӣ ҳастем ва то ҷое медонам, дар ин гуна кишварҳо ду-се забони давлатӣ ҳаст. Ҳатто баъзеи онҳо то 5 забонро доранд ва касе ҳам зид нест. Хоҳиш мекунам, бигӯед, ки мо агар ду забони давлатӣ — қирғизӣ ва русӣ дошта бошем, чӣ бадӣ дорад?», — гуфтааст ӯ дар хитоб ба муовини сарвазири Қирғизистон Чолпон Султонбеков.
Ирина Карамушкина дар идома суханони Чингиз Айтматовро иқтибос оварда, Қирғизистонро ба парандае монанд карда, гуфтааст: «Дар сурати парвоз бо ду пари баробар метавонад пешрафт кунад ва ин парҳо — забони қирғизӣ ва русӣ ҳастанд».
Султонбеков дар ҷавоб пешниҳоди Карамушкинаро чизе бештар аз як масъалаи сиёсӣ номида, гуфтааст, дар навоҳӣ ва вилоятҳои Қирғизистон мушкили забони қирғизӣ дида намешавад, баракс, мушкили забони русӣ вуҷуд дорад.
«Мо ки давлати қирғизӣ дорем, шояд барои ҳамин ба забони қирғизӣ бартарӣ дода шудааст. Беҳтар буд, агар мансабдорон ҳам бо забони қирғизӣ ҳарф мезаданд ва шояд то ҷое мушкил ҳам ҳалли худро меёфт», — изҳор доштааст муовини сарвазири Қирғизистон.
Ёдрас мешавем, дар пайи тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсияи Қирғизистон забони русӣ соли 2001 дар ин кишвар забони расмӣ эълон шуд.