Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва суди ноҳияи Сино парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Ҳасанов Ҷ.К. бо моддаи 3073 қисми 2 ва Нуров А.А. бо моддаи 1792 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст. Дар ин бора маркази матуботи Прокуратураи генералӣ хабар дод.
Ҳасанов Ҷ.Қ. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ моҳи феврали соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш тавассути алоқаи мобилӣ ба шабакаи интернетии «Зелло» ворид гардида, амри маъруфҳои дар он пахшгардидаро гуш карда, бо як нафар аъзо ва тарафдори равияи экстремистии «Салафия» бо номи «Абдулло» шинос ва ақидаҳои равияи мазкурро қабулу ҷонибдорӣ кардааст.
Минбаъд ӯ бо мақсади шомил шудан ба равияи экстремистии «Салафия» бо таклиф ва пешниҳоди аъзои равияи мазкур «Абдулло» ном шахс 21 майи соли 2017 тавассути хатсайри ҳавопаймои Москва-Теҳрон ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз кардааст.
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро убур намуда, ба шаҳри Кобул рафтааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар ҳудуди ин шаҳр дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 3 январи соли 2018 Ҳасанов Ҷ.К. бо моддаи дар боло дарҷгардида гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин гардидааст.
Инчунин, Нуров А.А. соли 2011 барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия рафта, дар он ҷо бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Додарзода М.Г. муносибати дустона пайдо кардааст. Инҳо то моҳи феврали соли 2017 мунтазам робита намуда, Нуров моҳи сентябри соли 2016 огоҳ гардидааст, ки Додарзода барои иштирок намудан дар задухурдҳои мусаллаҳонаи мазҳабиву динӣ ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди Сурия, ба ҳайати иттиҳоди террористӣ аъзо гардидааст.
Сипас, ӯ бо Додарзода М.Г. алоқаи интернетӣ барқарор намуда, мунтазам аз номбурда оид ба фаъолияти аъзоёни иттиҳоди террористии “Давлати исломӣ” маълумот гирифта, ақидаҳои номбурдаро дастгирӣ ва омодагиашро барои маблағгузории иттиҳоди террористии “Давлати исломӣ” изҳор намудааст.
Бо мусоидати Додарзода М.Г. ӯ ба аъзои ин иттиҳоди ҷиноятӣ шахси ба тафтишот номаълум бо номи “Алӣ” ба воситаи вебгоҳҳои интернетии “Зелло” ва “Телеграмм” робита пайдо намуда, 30 августи соли 2017 барои пеш бурдани фаъолияти террористии номбурда ва иттиҳоди ҷиноятӣ ба воситаи низоми интиқоли маблағи электронии “Киви кошелёк” ба суратҳисоби “Алӣ” 303 рубли русӣ гузаронидааст.