Як мард дар шаҳри Душанбе ба гулӯи ҳамсари собиқаш корд гузошта таҳдиди куштан кардааст. Дар ин бора маркази матуботи ВКД ҶТ хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини кӯчаи Шевченкои ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳамчун гумонбар дар таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 13-уми январи соли 2019, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш дар хонаи истиқоматиаш бо собиқ ҳамсараш, зани 54-сола муноқиша карда, дари ҳуҷраро зада шикастааст. Сипас, ин мард аз болои миз корди ошхонаро гирифта ба гулӯи зани номбурда зер карда, ӯро таҳдиди куштан кардаааст. Ҳоло ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here