Тавсеадиҳандагони ин паёмрасон қайд кардаанд, ки маҳдуд шудани барнома марҳала ба марҳала амалӣ мешавад ва бо гузашти замон ин паёмрасон кори худро дар абзорҳои маъруф қатъ хоҳад кард.

Аз моҳи январи соли 2018 паёмрасони WhatsApp дар баъзе аз абзорҳо кори худро қатъ мекунад. Дақиқан ин ба системаҳои оператсионии мобилии Windows 8.0 ва дигар гузинаҳои қадимии он дахл дорад. Чунин навоварӣ ба BlackBerry 10 ва BlackBerry OS низ тааллуқ дорад. Тавсеадиҳандагон гуфтаанд, ки маҳдудият марҳала ба марҳала иҷро мешавад ва дар маҷмӯъ кори WhatsApp дар ҳамаи абзорҳои маъруф қатъ мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2018 ин паёмрасон ба Nokia S40 васл нахоҳад шуд. Баъди 2 сол WhatsApp дар смартфонҳои бо Android 2.3.7 ва гузинаҳои қадимии он идорашаванда низ кор нахоҳад кард. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here