Дар робита эҳтимоли вайрон кардани талабот, Қазоқистон нисбати панҷ ширкати маҳсулоти ширии Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ кардааст. Дар ин бора. Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар медиҳад.

Ин маҳдудият дар доираи “шиддат гирифтани назорат дар марзи Қазоқистону Қирғизистон” аз 10-уми октябр ҷорӣ шудааст.

Вазорати кишоварии Қазоқистон ҳамчунин хабар медиҳад, ки нисбати маҳсулоти мушаххаси ду корхонаи қирғизӣ “назорати қатъии озмоишгоҳӣ” идома дорад. “Аз замони ҷорӣ шудани назорати қатъии бойторӣ нисбати маҳсулоти қирғизӣ, коҳиши воридот ва интиқоли он мушоҳида мешавад”, — гуфта шудааст дар изҳороти ин ниҳод. 

Ба гуфтаи ин ниҳод, аз замони шурӯъ шудани назорати қатъии фитосанитарӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ 117 мошини борбар ва дар маҷмуъ 821,4 тон маҳсулот тафтиш ва аз ин шумор бештар аз 105 тон баргардонида шудааст.

Вазъ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон баъди ҳамлаи лафзии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳукуматдорони Қазоқистон, бад шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here