Муовини сардори раёсати тандурусти вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев дар брифинг, ки чанд лаҳза пеш баргузор шуд, арз кардааст, ки дар ин вилоят ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Дар брифинг гуфта шудааст, ки таҳлили озмоишии нафари фавтида Шодиев аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ба мавҷудияти вируси COVID-19 тасдиқ нашудааст.

Дирӯз, радиои “Озодӣ” дар такя ба чанд манбаъ аз ниҳодҳои тандурустӣ ва умури дохилӣ хабар дод, ки “пас аз фавтидани як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт. Наздикони беморе, ки рӯзи 31-уми март бо ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония фавтид, танҳо ҳоло эътироф кардаанд, ки ӯ аз Қирғизистон баргашта буд”.

Маъруф Ҳоҷибоев ба ОИ “АП” гуфтааст, ки “ин танҳо як гумонбарӣ буд».

— Аз ин рӯ, мо 11 табиб ва ҳамшираҳои бемористони ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба қарантин гирифтем, зеро сокини 61-солаи ҷамоати Янги Ҳаёт Ҳабибуло Шодиевро муолиҷа кардаанд. Бародар ва ҷиянаш низ ҷудо буданд. Таҳлилҳои аввалини мо натиҷаи манфиро нишон доданд. Имрӯз мо бори дигар санҷишҳоро такрор кардем. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва ман умедворам, ки ин тавр нахоҳад шуд, гуфтааст Ҳоҷибоев.

Набудани сироятро муовини сардухтури бемористони ин ноҳия Алишер Абдукаримов низ ба ин расона тасдиқ кардааст.

“Моро дирӯз нисфирӯзӣ қарантин карданд ва ман ҳамчун духтур ин иқдомро маъқул медонам. Дар баъзе расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки ман дар ҳолати вазнин қарор дорам, ки аз ин дар ҳайратам. Ман хубам. Ман футболбозӣ кардам ва каме шамол кашидам. Дирӯз моро дар минтақаи карантин дар беморхонаи Хуҷанд ҷойгир карда озмоиш карданд. ки манфӣ буданд. Мо барои пешгирӣ 14 рӯз дар ин ҷо хоҳем буд”, — гуфтааст ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here