Соли гузашта аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 21 957 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2017-ум 61 адад коҳиш ёфтааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ошкоршавии ҷиноятҳо 83,6 дарсадро ташкил додааст.
— 86 ҳолати одамкӯшӣ ва сӯиқасд ба он, 149 њолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 42 таҷовуз ба номус, 37 роҳзанӣ, 37 њолати савдои одамон, 171 ғоратгарӣ, 1090 авбошӣ, 3161 қаллобӣ, 77 гардиши ғайриқонунии силоҳ, 55 ҷиноят бо истифода аз силоҳ, 5078 дуздӣ, 668 гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷумлаи ҷиноятҳое ҳастанд, ки аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта шуданд, — гуфт вазир.
Инчунин, гуфта шуд, дар давоми соли сипаришуда аз ҷониби ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ 13 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 65 нафар дар содир кардани 71 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуд. «873 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта низ ошкор карда шудааст, ки дар натиҷаи чораҳои оперативӣ 298 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шудаанд».
Вазир гуфт, дар соли 2018 ҷиноятҳои аз тарафи ноболиғон содиргардида 907 ададро ташкил додааст, ки назар ба соли 2017-ум 217 адад бештар аст. «Аз ҷониби ҷавонон бошад, 4965 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки соли 2017-ум 5286 ададро ташкил медод».