Дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 12 293 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 256 (2019-12 549) ҷиноят ва ё 2 дарсад кам будааст.
Вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода имрӯз, 3-юми август дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз ҳисоби ҷиноятҳои содиргардида одамкӯшӣ ва сӯиқасд 35 ҳолат, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 56, таҷовуз ба номус 16, роҳзанӣ 17, савдои одамон 10, ғоратгарӣ 68, авбошӣ 556, қаллобӣ 1452, гардиши ғайриқонунии силоҳ 23, дуздӣ 3415, қочок ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 357, ҷиноят бо истифодаи силоҳ 22 ва дигар ҷиноятҳо 6266 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.
— Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 398 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки боиси нигаронист. Дар ин ҷиноятҳои содиргардида 408 ноболиғ иштирок карданд, ки 20 нафарашон духтар мебошанд. Аз тарафи ноболиғон дар ҳамин давраи соли 2019-ум 386 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд, ки соли равон 13 адад зиёд аст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 2553 нафар ҷавон 2736 ҷиноят содир шудааст, — гуфт вазир.
Раҳимзода ба суол дар мавриди олудашавии милисаҳо ба бемории сироятии коронавирус, бо таассуф гуфт, 7 нафар корманди ВКД ба коронавирус гирифтор шуда, ҷони худро аз даст додаанд.