Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, як кӯмаки дигари башардӯстона 8-уми май ба Душанбе тавассути ҳавопаймои ҳарбии Вазорати дифои ин кишвар расонида мешавад.

Мувофиқи иттилои Kun.uz ҳавопаймоҳои ҳарбии нақлиётӣ аз Тошканд ба Душанбе 10 дастгоҳи нафаси сунъӣ, доруворӣ, либосҳои муҳофизатии тиббӣ, дастпӯшҳо ва респираторҳоро меоварад.

Ҳашт вирусолог ва эпидемиологи Ӯзбекистон, ки дар мубориза бар зидди коронавирус таҷриба доранд, бо як ҳавопаймо ба Душанбе меоянд. 7-уми май ҷониби Ӯзбекистон 144 ҳуҷраи сайёри тиббӣ муҷаҳҳаз бо кати хобу ҷойи шустушӯй ва тамоми дигар шароити беҳдошт ба Тоҷикистон ирсол кард. Гуфта мешавад, ки ин ҳуҷраҳо дар варзишгоҳи «Бофанда»-и Душанбе ҷой дода шудаанд.

Ёдрас мешавем, 5-уми май гуфтугӯи телефонӣ байни президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд. Онҳо вазъи эпидемиологиро дар минтақа ва ҷаҳон муҳокима намуда, ҳамдигарро дар бораи вазъ дар ду кишвар дар робита бо паҳншавии сирояти нави коронавирус огоҳ карданд ва дар ин замина омодагии худро барои амалҳои муштарак барои рафъи ҳолатҳои бӯҳронӣ бори дигар тасдиқ карданд.

Мувоффиқи иттилои Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон, шумораи мубталоёни коронавирус то 7-уми май, 461 нафар ва фавтидагон 12 нафарро ташкил медиҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here