Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар самти ташкили таҳсилоти фарогири босифат ва муттасил бо хонандагон, падару модар ва аҳли ҷомеа фаъолона кор мебарад.

Бо мақсади пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар байни мардум ва ҳифзи солимии аҳолӣ, аз ҷумла омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо Нақшаи омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар соҳаи маорифро таҳия намуд, ки он масъалаҳои  омодагии ҳамаҷонибаро ҷиҳати таъмини беҳдошти саломатии кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва берун аз он, ҳамчунин идомаи таҳсилро дар давраи таътил  фаро мегирад.

Нақшаи мазкур усулу воситаҳои алтернативӣ барои таълими фосилавии хонандагон, дастуру тавсияҳо ба падару модар оид ба дастгирии таҳсили кӯдакон дар хона, пурра аз худ шудани барномаҳои таълимӣ, омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва ҳамзамон, эмин доштани кӯдакон аз сироятшавӣ ба COVID-19-ро муайян месозад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вазъи кунунӣ, дар асоси таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда, роҳу усулҳои алтернативии таҳсили хонандагон, аз ҷумла тариқи шабакаҳои телевизионӣ, платформаҳои рақамии онлайн ва офлайнро кор карда истодааст. Давомнокии таҳсил тариқи чораҳои зерини баҳамалоқаманд пешбинӣ карда шудааст:

  • Дарсҳои телевизионӣ-хонандагонро барои омӯзиши фанҳои таълимӣ дар асоси барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ фаро гирифта, ҳамзамон, дастуру воситаҳои ёрирасони раванди таълими фосилавиро барои омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон дар бар мегирад. Дарсҳои телевизионӣ хонандагон ва мутахассисони соҳаро ба ҳам алоқаманд намуда, мушкилии дастрасӣ ба интернетро дар хона, мавзеъҳои дурдаст бартараф менамояд ва барои беҳтар намудани натиҷаҳои таълимии хонандагон, дастрасии онҳо ба маводи босифати иловагӣ мусоидат хоҳад кард.
  • Платформаи мобилии интерактивӣ бо имконияти кор дар ҳолати мавҷудият ва ё бе пайвастшавӣ ба интернет (онлайн ва офлайн)-дорои хусусияти интиқол ва корбарии маводи таълимӣ дар телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва компютерҳо мебошад. Платформа ва барномаи мазкур дар ҳолати маҳдудияти пайвастшавӣ ба интернет ва дар дилхоҳ телефонҳои Android фаъолият мекунад. Усули истифодабарии барнома тариқи офлайн имконият медиҳад, ки дар ҳолати суръати пасти интернет масъулини соҳа ба маводи таълимии электронӣ ва ёрии методии зарурӣ саривақт дастрасӣ пайдо кунанд.
  • Дастгирӣ ва роҳнамоии иловагӣ ба омӯзгорон ва падару модарон. Дастуру тавсияҳои мазкур барои дастгирии хонандагон барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва пешниҳоди мисолу фаъолиятҳо барои расонидани кӯмак ба  падару модарон ҷиҳати таъмини талаботи фардии кӯдакону наврасон ба таълим, дар муҳити хона барои идомаи таҳсил, пешниҳод мегардад.

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ вобаста ба масъалаи мазкур иброз дошт, ки «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз хуруҷи ногаҳонии COVID -19 ва ба таътили ғайринавбатӣ фиристодани хонандагон зарурати ба роҳ мондани таълими фосилавиро ҷиҳати аз худ намудани барномаҳои таълимӣ тавассути имкониятҳои мавҷуда баррасӣ намуда, ба шарикони рушд пешниҳод намуд. Бо мақсади аз худ намудани маводи барномаи таълимӣ, ҳифз ва ҳимояи кӯдакону хонандагон аз пандемия бо дастгирии ЮНИСЕФ ва кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифта шуд, ки дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ ба навор гирифта шуда, дастрасии кӯдакон, оила ва хоҳишмандон ба таълим таъмин шавад.

Таҳсилоти фосилавӣ ва дарсҳои видеоӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ таҷрибаи аввалин аст. Итминон дорем, ки таҳсилоти фосилавӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ давра ба давра такмил ёфта, ба низоми муқаррарии таълим ворид мешавад ва дар ин самт таҷрибаи шарикони рушд ва дигар кишварҳо муҳим аст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд ва истифода аз нерӯи пешқадами аҳли маориф, таҷрибаи миллию байналмилалӣ дастрасӣ ба таҳсилоти босифатро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоем».

Осама Маккави Когалӣ, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон илова намуд, ки “Дар замони таъсири COVID-19 ба зиндагии ҳаррӯзаи мо кӯдакон ҳамчун ҷабрдидагони ниҳоии ин пандемия боқӣ мемонанд. Дар чунин ҳолат ва сарфи назар аз ислоҳоти ҳозира, низомҳои маориф ба таъсироти ногаҳонӣ осебпазир боқӣ монда, инноватсия ва истифодаи технологияҳоро барои таъмини бехатарӣ ва идомаи таҳсили кӯдакон талаб мекунад. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо шарикон аз Вазорати маориф ва илм дар дастгирии навсозии низоми миллии таҳсилот ва ташкили кушодашавии бемамонияти муассисаҳои таълимӣ дар соли ояндаи таҳсил дар ҳамдастӣ амал мекунад. Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, мо инчунин барои ҷорӣ намудани платформаҳои таълими фосилавии фарогир, ки барои ҳама кӯдакон ва падару модари онҳо дар тамоми кишвар дастрас мебошад, тамоми кӯшишҳои худро равона карда истодаем”.

Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафир Мэрилин Йосефсон дар идома иброз намуд, ки “Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкории зич бо ЮНИСЕФ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди имкониятҳои таҳсили фосилавӣ ва дастрасӣ ба маводи ёрирасон барои хонандагон, падару модарон ва парасторони онҳо фаъолона дастгирӣ мекунад. Дар шароити кунунии хуруҷи COVID-19 таҳсили фосилавӣ воситаи муфидест барои бехатар нигоҳ доштани хонандагон дар хона ва ҳамзамон, ба таълими муттасил фаро гирифтани онҳо мебошад. Таҳсили фосилавӣ, инчунин барои таъмини дастрасии баробар ба тамоми кӯдакон ва тақвияти рушди малакаҳои мустақили таълимӣ аҳамияти муҳим дорад”.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти банаворгирии дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра аз худ шудани барномаи таълимӣ, инчунин омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ кор бурда истодааст. Ҷиҳати иҷрои ин нақша, семинари омӯзишӣ барои 75 нафар омӯзгори фанҳои таълимии табиию риёзӣ ва дақиқ (алгебра, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) ташкил ва баргузор гардид. Сабти маҷмӯи аввали 120 дарси телевизионӣ бо давомнокии аз 15 то 20 дақиқа идома дошта, иқдоми мазкур ҳамчун қадами аввал дар рушди самти дарозмуддат, ки тамоми синфҳои аз 1 то 11-ро фаро мегирад ва дар асоси талаботи барномаҳои таълимӣ таҳия хоҳанд шуд, амалӣ мегардад. Тибқи нақшаи пешакӣ дар назар аст, ки қисми аввали дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ, баҳри омӯзиши фосилавӣ ва истифодаи хонандагон аз тариқи шабакаҳои «Сафина» ва «Баҳористон» пахш гардад. Ҳамзамон, филмҳои аниматсионӣ, ки дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд пешакӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳия гардидаанд, тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here