Вазорати кишоварзии Тоҷикистон баланд шудани арзиши тухми мурғро дар кишвар ба баланд шудани нархи ғизои паранда, ки воридотӣ аст ва талаботи аҳолӣ ба тухм рабт медиҳанд. Масъулин мегӯянд, истеҳсоли тухм дар мамлакат се маротиба зиёд шудааст, вале дар ин баробар талаботи мардум ҳам ба ин навъи маҳсулот афзудааст.

Машокир Назаров, масъули вазорати кишоварзӣ дирӯз, 27-уми январ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, “бояд талаботи мардум низ ба назар гирифта шавад, ки қаблан чӣ хел тухм мехӯрд, ҳозир чӣ хел тухм мехӯрад. Яъне, пештар агар як нафар дар як рӯз 1 тухм мехӯрд, алҳол се тухм мехӯрад”.

— Дуруст аст, ки корхонаҳои паррандапарварӣ аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуданд, лекин дар баробари ин қувваи барқ ду баробар гарон шуд. Хӯроки паранда, ки 80 дарсад аз хориҷи кишвар ворид мешавад, ба андозаи ду сомонӣ гарон шуд. Қаблан агар ҳар як килограмм ғизои паранда бо арзиши 3,5 сомонӣ харидорӣ мешуд, ҳоло он то ба 5,2 сомонӣ расидааст. Қурби асъорро ҳам ба инобат гирифтан лозим аст. Мо ҳам тухми инкубатсионӣ ва ҳам ғизо ворид мекунем. Иншооллоҳ, имсол дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ду корхона барои истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард. Агар бо тухми инкубатсионӣ дар дохил чӯҷа истеҳсол шавад, нархи чӯҷа ду маротиба паст мешавад, ки ин ба нархи гӯшти мурғ ва арзиши аслии тухм таъсир мерасонад. Феълан мо чӯҷаи якрӯзаро бо шаш сомонӣ харидорӣ мекунем. Бо назардошти аз андоз озод кардани соҳаи парандапарварӣ ҳавасмандии соҳибкорон ба соҳа бештар шуд ва назар ба соли гузашта сӣ корхонаи парандапарварӣ зиёд шуд, ки имсол онҳо ба фаъолият оғоз мекунанд. Албатта, фаъолшавии корхонаҳои ватанӣ боис ба пасттар шудани арзиши гӯшт ва тухми мурғ дар кишвар хоҳад шуд, — гуфт М. Назаров.

Қайд гардид, ки соли 2019 истеҳсоли тухм дар мамлакат ба 725,6 миллион дона баробар гардидааст, ки мутаносибан 161,2 дарсад ва 2 маротиба зиёд будааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан арзиши як дона тухм дар бозорҳои кишвар то 80 дирамро ташкил медод, вале дар охири соли гузашта он то ба 1 сомонию 30 дирам боло рафт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here