Сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов дар нишасти матбуотии ин вазорат аз дастоварди назарраси аҳли санъати кишвар ёдовар шуда, гуфт, ки соли сипаригардида сарояндаҳои тоҷик тавонистанд дар озмунҳои байнанмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гарданд.
Дар ҳамин ҳол, дар масъалаи назорати фаъолияти кории сарояндаҳо Мирзоолим Саидов таъкид кард, ки феълан дар Вазорати фарҳанг комиссияи махсусе амал мекунад, ки муҳтавои суруди сарояндагони тобеи Вазоратро таҳти назорат дорад.
— Мутаасифона, барои назорати сарояндагони мустақил, ки ба сабту банаворгирии сурудҳо машғуланд, Вазорати фарҳанг фишанге надорад, то моҳияти суруди онҳоро таҳти назар гирад, — илова кард Мирзоолим Саидов.
Тибқи мушоҳидаҳо, солҳои охир ба майдони санъат шумораи зиёди сарояндагон ворид гардиданд, ки мазмуни суруди на ҳамаи онҳо аз ҷониби мардум хуб истиқбол шуданд. Дар робита ба ин, дар интиҳои соли 2019 пахши суруди сароянда Фирӯза Ҳафизова бо номи “Фуу” мавҷи эътирози мардумро ба миён овард. Аз муҳтавои сурудҳои Қадами Қурбон низ на ҳама мухлисони савту наво хуш истиқбол карданд.
Барои ҷилавгирӣ аз ин кор, дар оғози соли 2020 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, дар якҷоягӣ бо бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, комиссияе таъсис додаанд, ки бидуни иҷозаи онҳо сарояндагон наметавонанд, суруди худро сабту ба навор гиранд.