Дар шабакаи Ютюб (https://youtu.be/xbN-3_MOgDg) навореро дидам, ки дар он тоҷикбачае бо завқ суруд мехонд. Чунон мафтуни овозаш шудам, ки такроран гӯш кардам ва ахиран шинохтамаш. Ин ҳамоне буд, ки дар кӯдакиаш бо суруди «Республикаи ман» машҳур гашта буд.

Аз байн солхои бешумор гузашт ва имруз он садои худодод ба «алмос» табдил ёфтаасту мо бехабарем, ки ӯ ҳоло дар куҷост ва чӣ кору фаъолият дорад. Ин ҳам боз як гавҳари тоҷик, ки гум шудааст.

Пас аз ин навор дар ҷустуҷӯи маълумот ё хабаре аз ӯ шудам. Бисёр чизҳо ёфтам:

Исмоил Саидов, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Ҳисор. Сазовори ҷои 1-ум (медали тилло) дар озмуни Istanbul Turkish Olimpiads (2010) ва хам дар озмуни «Дельфийские игры» дар давлати Қазоқистон (2008), ҷои 3-юм дар озмуни «Дельфийские игры» дар давлати Белорус (2005), ғолиби Gran pri дар озмуни «Без Границ» дар шахри Санкт-Петербург (2007), Лауреати Washington DC Turkish Olimpiad (2011).

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куҷо менигарад? Куҷо шуданд гавҳарони санъат? Ë дигар домани Минову Шаҳриëри Давлатро гирифта мегардед? Охир чаро чунин истеъдодхо аз шумо гурезонанд? Чаро боре ҳам намегуед, ки фалонӣ барои ин сарзамин лозим аст ва ӯ бояд маҳз барои ҳамин диëр хизмат кунад? Ин гуна истеъдодҳо ба мо лозиманд, мо ба онҳо ниëз дорем. Кобед, ëбед ва сафи чунин исмоилҳоро зиëдтар созед, то дигар ҷое барои «хасу хошок» намонад…

Маҳваш Раҷабова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here