Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 19 миллиарду 742 миллион кВт соат барқ истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017-ум 1 миллиарду 628,5 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Дар ин бора дирӯз, 28-уми январ, зимни нишасти мабуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмонзода Усмоналӣ иттилоъ дод.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ин рақам “рекорд”-и истеҳсоли қувваи барқро дар кишвар, ки соли 1988-ум ба 18,6 миллиард кВт баробар буд, барҳам зад.

-Ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ дар кишвар бо натиҷаҳои соли 2018-ум 2 миллиарду 406 миллион кВт соатро ташкил дод, ки назар ба соли 2017-ум 1 милиарду 138,7 миллион кВт соат бештар буда, суръати афзоиш 1,9 маротиба зиёд мебошад, — гуфт вазир.

Гуфта шуд, дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерӯи барқ дар ШСХК “Барқи тоҷик” 16 милиарду 210,9 миллион кВт-ро ташкил додааст, ки назар ба соли 2017 бештар аст.

Ҳамчунин, дар мавриди қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди андоз, ки ба 300 миллион сомонӣ рақам зада мешавад, гуфта шуд, ки қарзи ширкат дар соли 2018-ум то ба 60 миллион сомонӣ поён бурда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here