Баъзе аз табибон, аз он ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бе огоҳӣ, шабона, ба беморхонаҳо меравад ва табибони дар вақти навбатдорӣ хобкардаро муҷозот мекунад, шикоят доранд. Ба гуфтаи ин духтурон, баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар шуъба бемори вазнин нест ва эҳтимоли каме ғанаб кардани пизишкон ҳаст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гардишҳои шабонаро тасдиқ карда гуфт, ки чунин эродҳои табибон вуҷуд доранд, вале дар ҳама муассисаҳое, ки фаъолият доштааст, чунин системаи шабонарӯзии кориро роҳандозӣ кардааст

— Дарҳақиқат мо шабона гардиш мекунем. Гуруҳҳои корӣ аз тарафи Хадамотҳои фаъолияти тиббӣ ва санитарӣ вобаста ба хизматрасонӣ шабона гардиш мекунанд. Табиб афсар ё сарбозеро мемонад, ки дар нуқтаи навбатдорӣ меистад. Дар беморхона кӣ бистарӣ мешавад, бемор! Табиб ҳуқуқи хоб кардан надорад. Бемор ҳарчанд, ки нақшавӣ ҳам бошад, бемори нақшавӣ ҳам метавонад таъҷилӣ шавад. Аз ин рӯ, ҳам ҳамшира, ҳам табиб бояд дар утоқи корӣ фаъолият кунанд. Набояд хоб бошанд. Аз тарафи табибон эродҳо ҳам буданд, ки мегуфтанд, ҳуқуқи исттироҳат кардан доранд, аммо табиби навбатдор, дар шаб, дар ҷои кор ҳаққи истироҳат кардан надорад. Яке аз натиҷаҳои табобати беморӣ фаъолияти шабонарӯзии табиб дар назди бемор аст. Ин таҷриба аст. Айни замон системаи нави кориро ҷорӣ карданием. Яъне, дар оянда, вақте ки ин система роҳандозӣ мешавад, роҳбари муассиса гардиш мекунад ва соати 12-и шаб ба таври онлайн аз вазъи беморхона ба вазорат хабар медиҳад, — гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Бо чунин тарз ҷиддӣ пеш гирифтани кор аз тарафи вазир дар ҳолест, ки табибон аз камии маош шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки аввал бояд музди меҳнати кормандони тиб зиёд ва баъдан аз онҳо корро ҷиддӣ талаб кунанд.

Аммо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода мегӯяд, ки агар табиб музди ночиз ҳам гирад, бояд онро ҳалол карда гирад.

Ба гуфтаи вазир, ҳангоми гардишҳои шабона шахсан ҳолати дар хоб мондани кормандони навбатдорро мушоҳида карда, ба онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here