Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар мавриди пулакӣ шудани роҳи нақлиётии Душанбе-Бохтар изҳори бехабарӣ кард ва аз журналистон хоҳиш кард, “пеш аз пода чанг” наандозанд. Вазир бо ҳайрат суол гузошт, ки “ҳоло роҳ ба итмом нарасидааст, чи хел метавон дар бораи пулакӣ кардани он ҳарф зад?”.
Вазири нақлиёти кишвар дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, “Бояд роҳ аввал бо ҳама параметрҳо сохта шавад ва баъдан пулакӣ шудан ё нашудани он ҳисобу китоб карда мешавад.
— Ҳисобу китоб аз рӯи шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, категорияи роҳ ва дигар чизҳо мешавад. Мо аз пулакӣ шудани шоҳроҳи Душанбе Бохтар хабар надорем. Дар бораи ин ҳоло гап ҳам нест, — таъкид кард вазир.
Ёдовар мешавем, ки шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ҳудуди 82 километр тӯл дошта, дар ду марҳила бунёд мешавад. Марҳилаи аввали он, ки тирамоҳи соли 2017 шуруъ шуд, аз пойтахт то деҳаи Даҳанакиики ноҳияи Хуросон тӯл дорад. Барои сохтмони ин қисмати Шоҳроҳ дар маҷмӯъ 96 миллион доллар аз ҳисоби Бонки осиёии рушд, хазинаи ОПЕК ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Пудратчӣ ширкати чинии “Синзян бейсин» аст.
Барои таҷдиди марҳилаи дуюми роҳ, ки аз мавзеи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар тӯл мекашад, Бонки осиёии рушд 90 миллион доллар маблағи бебозгашт ҷудо мекунад.
Мувофиқи нақша, сохтмони роҳи Душанбе-Бохтар соли 2023 ба итмом мерасад ва аз роҳи одӣ ба роҳи тезҳаракат табдил хоҳад гашт. Айни замон роҳи мазкур 12 метр паҳноӣ дорад ва он аз 16 то 27 метр васеъ карда мешавад.