Нақшаи даромади буҷети кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои воридот дар шаш моҳи соли равон 95,5 дарсад таъмин гардидааст. Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳодаш натиҷагирӣ карда, рӯзи 29-уми июл, дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 9,8 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 462,3 миллион сомонӣ кам будааст.
Вазири молияи кишвар дар мавриди хароҷоти нимсолаи буҷети давлатӣ ҳисобот дода гуфт, он барои таъмини уҳдадориҳои давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус пардохти музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилоти буҷетӣ, нафақа, идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, кӯмакпулии иҷтимоӣ, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаю ташкилоти соҳаи иҷтимоӣ ва амнияти давлатӣ нигаронида шуда буд.
— Хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ дар доираи иҷрои воқеии даромадҳои буҷетӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ 10,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 550,4 миллион сомонӣ, иҷтимоӣ 4,8 миллиард сомонӣ ва иқтисодиёт 3,1 миллиард сомонӣ равона гардид. Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 2,7 миллиард сомонӣ, нафақа 1,3 миллиард сомонӣ, идрорпулӣ 32,2 миллион сомонӣ, ҷубронпулию кӯмакпулиҳо 171 миллион сомонӣ, бахусус кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ 16,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид, — гуфт Қаҳҳорзода.
Вазири молияи кишвар ҳамчунин гуфт, дар моҳҳои январ июни соли равон 16 созишномаи нави қарзию грантӣ барои татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 587,2 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз он 361,2 миллион доллараш маблағи грантӣ, 220 миллион доллар қарз ва 6,0 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, қарзи берунаи Тоҷикистон дар тӯли 6 моҳи соли равон 170,9 млн доллар зиёд шуда, ба ҳолати 1-уми июли соли равон ҳудуди 3,1 млрд долларро ташкил додааст. Таносуби қарзи хориҷӣ нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 36,1%-ро ташкил медиҳад.