Имрӯз бо фармонҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт, ки аз вазифа рафтани Шоҳмурод Рустам ва Тағойзода Сумангул низ дар ин байн ба чашм мерасад.
Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳмурод Рустам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағойзода Сумангул Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Аюбҷон Қодир бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуданд.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷабборзода Гулрӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Усмонзода Хайриддин Усмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», Табарӣ Абдулло Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», Идизода Файзалӣ Фузайлшо бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» озод шуданд.
Бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ таъйин гардиданд.
Ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», Мирализода Абдусалом Мустафо ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», Шоҳиён Маҳмуд Эргаш ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» таъйин шаванд.