Ба гуфтаи вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод баъзеҳо фарзандашонро Интернет ва Ка 79 ном гузоштаанд, ки нисбати кӯдак таҳқир аст. Ӯ ин нуктаро имрӯз ҳангоми нишасти матбуотӣ иброз дошт.   

“Ман шахсан зидди он ҳастам, ки ба тоҷикон номҳои бегона, ё ин ки техникӣ гузошта шавад. Дар бештари ҷойҳо ба фарзандашон Интернет ва Ка 79 ном гузоштаанд. Фикр мекунам, ки ин таҳқир нисбати кӯдак аст”, — гуфт ӯ.

Ҳамзамон, вазир қайд намуд, ки мақсади феҳристи номгузорие, ки дар кишвар ҷорӣ шудаааст, на маҳдуд кардан, балки нигоҳ доштани анъанаҳои милливу фарҳангӣ буда,  ба ҳифзи ҳуқуқи номгузорӣ равона гардидааст.

— Дар баъзе давлатҳои Прибалтика маҳдудиятҳо ба монанди “Қонун дар бораи номҳои насабсоз” вуҷуд дошта, дар баъзе давлатҳои Аврупо низ номи шоҳонро иҷозат намедиҳанд. Мақсади ин феҳристҳо на маҳдуд кардан, балки нигоҳ доштани анъанаҳои милливу фарҳангӣ аст, — гуфт вазир.    

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here