Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштии Ӯзбекистон теъдоди умумии ба бемории коронавирус сироятшудагон 10 ҳазору 838 нафарро ташкил мекунад. Ин манбаъ меафзояд, ки дар миёни аҳолӣ теъдоди сироятшудагон рӯ ба афзоиш овардааст, ки боиси нигарониҳост.

Гуфта мешавад, ки шаҳри Тошканд, вилояти Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон аз минтақаҳое маҳсуб меёбанд, ки аҳолӣ ва одамони зери назорати карантин бештар ба ин беморӣ сироят шудаанд.

Дар айни ҳол дастикам 4 ҳазор нафар муолиҷа мегиранд ва  24 нафари онҳо дар ҳолати вазнин ва 13 нафар дар ҳолати хеле вазнин қарор доранд. Теъдоди фавтидагон ба 41 нафар расидааст. 8-уми июл боз як зани 64-сола дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд бар асари ин беморӣ ҷон супурдааст.

Дар миёни фавтидагон 13 фоизро одамони то 40-сола, 3 фоизро то 20-сола ташкил мекунанд. Ҳатто дар миёни ашхосе, ки аз сирояти бемории коронавирус фавтидаанд, як нафар навраси 14-сола низ шомил мебошад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорати беҳдоштӣ аксари сироятшудагон бо беморон вориди мулоқот шудаанд ва теъдоди сироятшудагонро афзудаанд. Танҳо дар як шабонарӯз 168 нафар ба коронавирус сироят шудаанд, ки аксарияти онҳо сокинони вилоятҳои Қашқадарё ва Намангон мебошанд.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон одамон нисбати ин вирус бетафовут шудаанд ва гумон мекунанд, ки он аз шафати онҳо мегузарад, вале ба онҳо сироят намекунад.

Дар айни ҳол вилояти Ҷиззах мубориза бо бемориро шиддат бахшидааст. Гуфта мешавад, ки тамоми роҳҳои вуруд ба шаҳри Ҷиззах баста шуданд ва ҳар мошину одамони он дақиқан аз назорати мутахассисон мегузаранд.  Фаъолияти боғҳои истироҳати “Шаҳрчаи ҷавонон”, “Истиқлол” ва “Ӯрда” мутаваққиф сохта шудааст.

Дар ин вилоят гирдиҳам омадани одамон дубора мамнӯъ эълон шудааст. Тамоми корҳо тибқи имкониятҳои мавҷуда аз тариқи онлайн иҷро карда мешаванд. Дар вилояти Ҷиззах то анҷоми мавсими карантин фаъолияти тамоми нуқтаҳои савдо, чойхонаҳо, тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва нуқтаҳои дигари хӯрокхӯрӣ қатъ карда шудааст.

Кормандони ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ, вазъи изтирорӣ, гвардияи миллӣ барои шиддат бахшидани назорат ва ҳифзи мардум дар саросари вилояти мазкур куллан сафарбар шудаанд.

Профессори соҳаи тиб Ҳабибулло Оқилов бар ин назар аст, ки беэътиборӣ ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ ба чунин натиҷа оварда расонид, ки одамони зиёд аз ҳаёт маҳрум шуданд.

— Мо бояд ҳушёр бошем, зеро афзоиши теъдоди сироятшудагон баёнгари он мебошад, ки вазъияти эпидемиологӣ дар кишвари мо нигаронкунанда боқӣ мондааст. Дуруст аст, ки Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои зиёд ҷиҳати мубориза бо пандемияи коронавирус хеле пешсаф аст, вале ин маънои онро надорад, ки мо аз ин хатар осеб намебинем, — мегӯяд Ҳабибулло Оқилов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here