Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 28-уми январ, дар ҷумҳурӣ аслан ҳавои бебориш мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17-22  ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  32-37 ва рӯзона 16-21  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 0-5 дараҷа сардӣ дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона  2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here