Дар як вохӯрӣ, ки аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Душанбе баргузор гардид, вазъияти Бадахшон миёни коршиносон баррасӣ шуд. Сабаби аслии вохӯриву баррасиҳо он нофаҳмоиҳое арзёбӣ гардид, ки дар моҳи сентябри соли равон дар минтақаи Бадахшон ба миён омада буданд.
Шералӣ Ризоиён, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон қайд кард, ки вазъияти Бадахшонро набояд аз будаш зиёд нишон дод: “Агар ба вазъияти Бадахшон назар кунем ва ба шароити кунунӣ нигарем, он мушкилиҳои ҷамъиятиву иқтисодие, ки дар он ҷо вуҷуд доранд, дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ ба назар мерасанд. Барои ҳамин аз будаш зиёд нишон додани вазъияти Бадахшон нодуруст аст”.
Ҳамзамон, ӯ иброз дошт, ки дар асл вазъ дар Бадахшон ба куллӣ фарқ мекунад ва он тавре нест, ки нашр ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад.
— Масалан, имрӯз он чизе, ки ВАО нашр мекунад ва он чизе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мегардад, аз он вазъе, ки дар Бадахшон ҳаст, фарқи зиёд дорад. Инро барои он мегӯям, ки мо ба қарибӣ дар Бадахшон будем ва гуфтанӣ ҳастам, ки бояд бо маводҳои воқеӣ сарукор дошта бошем, — гуфт Ш. Ризоиён.
Сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло барои муросо ва ҳалли ин вазъ чунин пешниҳод намуд: “Бинед, дар Чеченистон чӣ гуна вазъ вахим буд ва айни замон чунин вазъ дар Доғистон амал мекунад, вале дар он ҷо роҳи хуби бартараф кардани ин мушкилӣ пайдо шуд. Мақомоти дохилии Чеченистон фаҳмиданд, ки ҷангу нофаҳмиҳо ба харобии миллат оварда мерасонад ва ба хулосае омаданд, ки беҳтараш ҳамкорӣ кунанд”.