Имрӯз, 31-уми декабр, охирин рӯзи соли 2018, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағийрёбанда шуда, фаромаданимеғ дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона -7-12 дараҷа, рӯзона -1+4, дар шарқи ин вилоят шабона -23-28 ва рӯзона -3-8 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 3+8 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, меғ дар назар аст. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Дамои ҳаво шабона ба 0+5 ва рӯзона ба 9+14 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 0-2 сард ва рӯзона +10+12 дараҷа гарм мешавад.