Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз  дар кишвар ҳавои абрноки тағийрёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. 

Имрӯз, 24-уми декабр, дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, борону барф пешбинӣ  шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр  дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5  ва рӯзона аз 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1-6  то -7-12 дараҷа,  рӯзона -4+1 сард шуда,  дар шарқи ин вилоят шабона -15-20  ва рӯзона -9-14  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона   аз +3+8 то +8+13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо   борон ва барф дар назар аст. Дамои ҳаво шабона -4+1  ва рӯзона аз +2+7 то ба  8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, меғ дар назар аст. Дамои ҳаво шабона -1-3  ва рӯзона +6+8 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here