Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, танҳо дар шарқи ВМКБ борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво то охири ҳафта муътадил боқӣ мемонад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар шарқи вилоят боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 11-16, рӯзона 27+32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +9 +14 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here