Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар баъзе аз манотиқи кишвар дамои ҳаво ба зери 25 дараҷа мерасад.
Махсусан, чунин вазъи ҳаво имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст. Дар ин ҷо ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона -1+4 ва дар шарқи он шабона -20-25 ва рӯзона -2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +11+16 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба 0+5 ва рӯзона ба 10+15 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 2+4 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.