Имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳо дар хусуси яке аз собиқ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ Маҳмадалӣ Ҳайит ба назар мерасад. Банда нисбати Маҳмадалӣ Ҳайит то як давра эҳтиром доштам, аммо вақте аз амалу кардаҳои ӯ пай бурдам, дар ҳақиқат фаҳмидам, ки хатои ҷиддӣ намудаам. Аммо чи гунае, ки ҳамагон медонанд, инсон дар зиндагӣ бехато намешавад. Ба ҳар сурате набошад, мехоҳам инҷо аввалан ба он нопоконе, ки имрӯз аз мурда кафан металабанд, ҷавоб бигӯям, яъне ба он нафароне, ки аз як зиндонӣ манфиат меҷӯянд.
Таърих гувоҳи он аст, ки чунин аҳли ҷаҳаннам дар ҳар давру замон зиёд буданд. Чун замони Ҳазрати Алӣ (р)-ро дар ёд биёварем, он замон як гуруҳе буданд, ба назди ҳазрат омада, пурсон шуданд: “Ё Алӣ, чаро Шумо бо ҳукми Аллоҳ ҳукм намекунед?”. Ҳатто барои ин гуфтаҳояшон ояти Қуръонро ҳамчун далел оварданд. Аммо ҳазрат дар посухи ин бебасарон ҷавоби зебое доданд: “Бале, далели Қуръоние, ки шумо овардед, ҳақ аст, аммо шумо ирода ва нияту мақсади ғаразнок дошта, ин оятҳоро барои худ чун як силоҳ баҳри гумроҳ кардани мусалмонон истифода мебаред”.
Нафароне, ки имрӯз аз М. Ҳайит дифоъ мекунанд, мақсадшон дифоъ набуда, балки мехоҳанд зери ин ниқоб ниятҳои нопоки худро амалӣ созанд. Он ашхоси моҷароҷӯ М. Ҳайитро ҳамчун воситаи ба худ ҷалб кардани шаҳрвандон, бахусус ҷавонони ба камоли пурраи фаҳмиш нарасида истифода мебаранд. Оё Шумо медонед, ки дунё гузарон буда, ба пулеву чизе арзиш надорад ва намесазад, ки дар ин умри дурӯза бо умеди манфиати ночизи шахсӣ чандин нафарони дигарро фирефтаву гумроҳ сохта, чандин фарзандон бепадар монанд ва чандин падару модар дар фироқи фарзанд ашк резонанд. Амалҳои Маҳмадалӣ Ҳайит барои бинанда ва шунаванда дарс мешуд, на ин ки чун воситаи ба гумроҳӣ бурдани дигар шаҳрвандон.
Дирӯз дар сомонаи иҷтимоӣ ҳамсари М. Ҳайит дар бахши форсии радиои “Бибисӣ” баромад намуд, дар хусуси он, ки гӯё шавҳарашро дар маҳбас зери шиканҷа қарор додаанд. Аз рӯйи гуфтаҳояш, ӯ 6 моҳ пеш бо шавҳараш М. Ҳайит дар маҳбас мулоқот намудааст. Инҷо суол ба миён меояд, ки чаро ҳамсари М. Ҳайит муддати шаш моҳ хомӯширо ихтиёр намуда буду имрӯз мулоқоти худро бо шавҳараш расонавӣ намудааст? Ин ҷо хулосае бармеояд, ки расонавӣ шудани мулоқоти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит дасисаи нави ҳангоматалабӣ мебошад.
Дӯстони азиз, ман як шаҳрванди оддӣ ҳастам, на дар ягон мақомоте кор мекунаму на узви кадом ҳизбе мебошам. Мақсаду маромам баён намудани ҳақиқат аст.
Шукри Худо, ба ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон хотима дода шуда, бо заҳмату талошҳои фарзандони ватандӯст ба истиқлолияти ҳақиқӣ ва ваҳдату ягонагӣ расидем. Ҳукумати қонунӣ мухолифони давлатро ҳам авф намуда, дар вазифаҳои давлатӣ ҷойгоҳашон дод. Аммо дасисабозон бо амру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон нисбати ин давлат амалҳои зишти худро маккорона роҳандозӣ менамуданд. Кор то ҷое расид, ки бо роҳбарони моҷароҷӯяшон соли 2015 табадуллоти давлатӣ намуданӣ буданд.
Инҳо дар сурат худро ғамхор нишон дода, дар сират дилашон, нияту амалашон пур аз буғзу кина буд. Ин нақшаҳои разилонаро танҳо ва танҳо наҳзатиён роҳандозӣ менамуданд, то бо ин васила шаъну эътибори Ҳукумати кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд.
Банда чанде дар Федератсияи Русия қарор дошта, шоҳиди он гардидам, ки чандин шогирдони роҳбарони наҳзатӣ барои нашъаҷаллобӣ дохили зиндон гардиданд. Магар ин аст имондорию исломдорӣ? Акнун фаҳмидам, ки кори инҳо танҳо ва танҳо паст кардани обрӯи миллат дар байни дигар халқу миллатҳо будааст.
Ин дафъа низ ақли солим боло гирифта, бо кӯшишҳои дастаҷамъона миллати мо тавонист ин хунхоронро сарнагун созад.
Ба ҳамин хотир, набояд “бо умеди кайк пӯстинро сӯзонем”, бо умеди як-ду камбудие, ки вуҷуд дорад, набояд дар фиреб биафтем, чунки тӯли 18 сол дар ҳукумат кор мекарданд, ҳатто рутбаҳои баланд низ доштанд, ҳатто дар парлумон кор мекарданд, ҳамеша сабр мегуфтанд, аммо имрӯз, ки аз сабаби хиёнаткориҳояшон мансаб аз даст рафт, бояд дод задан гиранд.
Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки бародарони ман, шумо ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин тоифа нашавед!
Субҳиддини САФО