Пайвандони зиндониёне, ки дар пайи ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3-и Хуҷанд кушта шуданд, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардаанд. Ин нуктаро Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон иброз дошт.

“То имрӯз ягон нафар аз пайвандони маҳбусони кушташуда ба ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардааст”, — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ваколатдор, айни замон дар муассисаи №3/3-и Хуҷанд тафтишот идома дорад ва онҳо наметавонанд ба кори тафтишот халал расонанд.

“Ҳоло дар муассисаи ислоҳотии №3/3-и Хуҷанд тафтишот идома дорад. Мо як барномаи мониторингӣ дорем ва дар доираи он, якҷо бо намояндагони эътилофи зидди шиканҷаи созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамасола аз муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ дидан мекунем. Имсол низ тибқи нақшаҳои мо шарту шароит ва будубоши ҳамин муассиса дар нақша ҳаст ва мо наметавонем, ки дар тадқиқот халал ворид кунем. Баъди тафтишот нақша дорем, ки якчанд муассисаҳо мавриди мониторнинги якҷояи мо қарор гиранд. Дар доираи татбиқи ин барнома, боздид аз муассисаи ислоҳотии №3/3-и Хуҷанд низ дар назар аст”,-афзуд Зариф Ализода.

Ёдовар мешавем, ки шаби 8 ноябри соли гузашта дар муассисаи ислоҳотии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад, ки баъдан мақомот онро кӯшиши фирори маҳбусон унвон карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи иттилои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 21 нафар ошӯбгар ва ду корманди муассиса низ кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here