Ҳайати Парлумони Аврупо (ПА), ки барои ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифадор карда шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юм то 4-уми ноябри соли 2017 ҳузур доранд. Ҳайати ПА иборат аз 7 вакил аст, ки онҳо ҳизбҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупоро намояндагӣ мекунанд.

Мақсади асосии сафари меҳмонон ин иштирок дар ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории байнпарлумонист, ки онро хонум Ивета Григуле-Петерс аз тарафи Иттиҳоди Аврупо раисӣ мекунад.

Зимни сафар, ҳайати ПА бо сиёсатмадорони олимақоми мамлакат вохӯрӣ мегузаронанд. Тибқи барномаи сафар, вохӯриҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пешбинӣ шудаанд. Инчунин, ҳайати ПА бо намояндагони ҷомеаи байналмилалие, ки дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва бо ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат вохӯриҳоро баргузор мекунанд.

Вакилони ПА чанд масъалаи муҳимеро, ки ба муносибатҳои миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон иртибот доранд, аз ҷумла, амну субот, муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, пешбурди ҳуқуқи инсон ва идоракунии демократӣ, дастгирии ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани таъсири номусоиди омилҳои берунӣ ва ниёзи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here