Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро аввал лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баррасии ин масъала раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Чураҳон Маҷидзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни зикршуда бо мақсали мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати бартараф  намудани мухолифати байни онҳо, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»-ро низ Чураҳон Маҷидзода баррасӣ намуда, афзуд, ки лоиҳаи Қонуни зикршуда бо мақсали мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»-ро ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насридинзода баррасӣ намуда, изҳор дошт, ки  лоиҳаи мазкур бо мақсади такмил додани муқаррароти Қонуни мазкур ва бартараф намудани хатогиҳои имлоӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Ҳамзамон, дар лоиҳа моддаи 21 Қонуни амалкунанда дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардида, мувофиқи он ваколати ба шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд (прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук), вогузор шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here