Дар фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд барои ширкат вакилони зиёд аз кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон низ омадаанд. Вакили тоҷикистонӣ Назира Каримова мегӯяд, онҳо бар асоси лоиҳаи СММ дар умури рушди саноат (ЮНИДО) фаъолият мекунанд. Ин лоиҳа методологияи мудерн кардани саноатро мадди назар гирифтааст.

— Ҳадафи мо аз он иборат аст, ки корхонаҳои саноатии Тоҷикистон нумӯъ кунанд ва аз ҳар нигоҳ бо корхонаҳои кишварҳои дигар вориди рақобат шуда тавонанд. Барои ин корхонаҳои саноатиро лозим аст, ки дар фазои минтақавӣ ва ҷаҳонии тиҷорат  иқтидори иқтисодии худро мустаҳкам кунанд, маҳсулоташон ба меъёри стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқат кунад, — мегӯяд Назира Каримова.

Ба гуфтаи ӯ дар ин фестивал онҳо бахше аз намунаҳои маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро армуғон овардаанд, ки дар корхонаҳои хурди хусусии Душанбе, Хуҷанд, Қайроқум ва монанди он истеҳсол шудаанд.

— Барои он ки маҳсулоти ҳунармандон шуҳрат пайдо кунанд ва харидор ёбанд, мо барои онҳо дар дизайн ва нақшу нигор кардани ин маҳсулот, таъмин кардани корхонаҳо бо дастгоҳҳои наву замонавӣ, техникаву таҷҳизоти зарурӣ ва кадрҳои бомалака ёрӣ мерасонем. Як гуруҳ коршиносони хориҷӣ низ аз кишварҳои аврупоӣ бо даъвати мо ба Тоҷикистон меоянд ва дар рушди ҳунармандӣ, ривоҷи соҳибкории хурду миёна ва бузург ҳамкорӣ мекунанд, — тазаккур дод Назира Каримова.

Дар байни ашёҳои намоишие, ки тибқи лоиҳаи ЮНИДО истеҳсол шудаву дар растаҳои фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд мебинем, қолиҳои кӯчаку бузург, болиштҳо, сӯзаниҳо, зебу зинат, тоқӣ, ҷомаҳои занонаву мардона, чакан, корд, либосҳои гуногун, маводи нассоҷӣ ва амсоли он дар маърази тамошо қарор доранд.

— Яке аз ҳадафҳои асосии мо пайдо кардани харидор ва имзои шартнома мебошад. Ҳамчунин кӯшиш мекунем, ки ҳунармандонамон ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбанд ва маҳсулоти худро дар намоишгоҳҳо ва фестивалҳои бонуфуз муаррифӣ карда тавонанд. Ин кори мо ба он низ мусоидат мекунад, ки ин корхонаҳо маҳсулоти худро ба теъдоди зиёд истеҳсол кунанд ва даромади кофӣ ба даст оранд, — гуфт Назира Каримова.

Ба гуфтаи ин хонуми тоҷик аллакай онҳо муваффақ шуданд, ки бо намояндагони корхонаҳои ҳунармандии Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, соири кишварҳои Аврупо вориди гуфтугушунид шаванд ва дар оянда ҳамкорӣ кунанд.

— Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд дар татбиқи як қатор барномаву лоиҳаҳои мо хеле мусоидат мекунад, — мегӯяд Назира Каримова.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси “Фараж”, шаҳри Қӯқанд, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here