Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон  Холбобо Тухтаеви 58-соларо фарзанди  35-солааш шабона дар манзили зисташон латукӯб кардааст, ки бар асари он  ӯ дар  беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тавре як манбаъ аз ноҳияи Вахш ба мо хабар дод,  охири моҳи май  сокини 35-солаи ноҳияи Вахш Ховалӣ Тухтаев бар асари нофаҳмиҳои оилавӣ бо падараш Холбобо Тухтаев даъво роҳ андохта, ӯро лату кӯб кард,а бо зарфи оҳанин ба сараш мезанад, ки бар асари ҷароҳат падар дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Чуноне аз РВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд ҳодиса шаби 28 майи соли равон тахмианн соати 23:30 рух додааст.

Ховалӣ Тухтаев ба муфатишон гуфтааст, ки сабаби ҷанҷолашон муноқишаи падар бо занаш шудааст. “Падарам ҳамеша бо занам ҷанҷол мекард ва ҳато уро задааст”, — гуфтааст гумонбар.

Нисбати Ховалӣ Тухтаев барои ба қатл расонидани падараш парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here