Маркази ноҳияи Вахш, ки солҳои гузашта пур аз партов буд, ҳоло тозаву обод гашта, партовҳо саривақт кашонида мешаванд.
Директори корхонаи фаръии давлатии хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи Вахш Мустафои Файзалӣ дар сӯҳбат гуфт, бо дастгирии раиси ноҳия тавонистаанд техникаҳои идораро, ки дар ҳолати корношоями қарор доштанд, таъмир карда, партовҳои маркази ноҳияро ҳамарӯза кашонанд.
— Дар маркази ноҳияи Вахш ҳоло 8 партовгоҳи расмӣ мавҷуд мебошад, ки атрофи чор адади он пӯшонида шудааст, — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Мушкили асосии ин идора аз худ кардани назди партовгоҳҳо мебошад, зеро техникаҳо наметавонанд ба назди партовгоҳҳо бираванд.
Ҳоло дар идораи мазкур ду техникаи партовкаш ва як техникаи дигар барои тоза кардани роҳ мавҷуд аст.