Бахшида ба солрӯзи профессор Асадулло Саъдуллоев мактаби миёнаи умумии № 148 дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат ба номи ин олим ва собиқ устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.
Тарвре аз факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба faraj.tj иттилоъ доданд 21-уми сентябри соли равон дар мактаби №148 -и шаҳри Ваҳдат маросими додани номи Асадулло Саъдуллоев мактаби мазкур баргузор мегардад.
Асадулло Саъдуллоев 22-юми сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1962 хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст. Минбаъд, ба муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС (1980—1984) дарс гуфтаас ва ба ҳайси омӯзгори Донишгоҳи Кобул (1984—1987) низ кор кардааст. Давоми солҳои 1992—2000 ва 2007—2009 ба кафедраи телерадиожурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, тӯли солҳои 2002—2005 декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Асадулло Саъдуллоев 4-уми феврали 2016 аз дунё рафт.