Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ваъда дод, ки барои дасрас кардани дасгоҳҳои замонавӣ ба Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон 750 ҳазор сомонӣ ёрӣ хоҳад кард.

Дар рӯзи ҷашни матбуоти тоҷик раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Идораи ТВ ва радиои вилояти Хатлон ташриф оварда, аз фаъолияти кории кормнадони ин идора дидан намуд. Ӯ ҳамаи кормандони Идораи ТВ ва радиои вилоятро ба рӯзи идашон табрик намуда, гуфт, кӯшиш мекунад, ки баҳри беҳтар намудани вазъи техникии идора ёрии худро расонад.

Раиси вилоят зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав аз теъдоди ками рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳо эрод гирифта масъулинро супориш дод, ки барои зиёд кардани теъдоди рузномаҳо тадбир андешанд.

Раиси вилоят ба намоняндагони ВАО гуфт, барномаҳои таҳлилиро бо факту далелҳои аниқ бештар кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here