Намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар тантанаи кушодашавии нерӯгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт дар Мурғоб, иштирок намуданд, ки он калонтарин дар Тоҷикистон ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳа нерӯгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерӯро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад.

Нерӯгоҳи офтобии нав натиҷаи бевоситаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерӯгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерӯгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.

Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 одам аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерӯгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерӯи барқ дар давоми рӯз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.

USAID, ба Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи энергетикаи тоза, инчунин таъмини устувори барқтаъминкунии ҷамоатҳои дурдаст, зиёд намудани иқтидори ширкатҳои энергетикӣ, вобаста ба сохтмон ва идоракунии нерӯгоҳои барқӣ дар асоси манбаҳои барқароршавандаи энергия кӯмак мекунад.

Бо татбиқ намудани лоиҳаи таҷрибавии мазкур, USAID нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои миллӣ, ташкилотҳои донории байналмилалӣ ва бахши хусусӣ метавонанд дар якҷоягӣ масъалаи рушди ҳатто дуртарин ва дар бумбаст қарордоштаи нуқтаҳои дунёро ҳал намоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here