Овозхони маъруфи тоҷик Ҷурабек Муродов дар оғози соли равон азм карда буд, то дар зодгоҳаш ноҳияи Айнӣ, дар минтақае, ки замини бекорхобида дошт, боғи мевадиҳандаи “Боғи Ҷурабек Мурод” ва “Гулгашти устод Ҷӯрабек”-ро  бунёд кунад.

Ҳангоми ба чунин тасмими омадани ҳунарманд сокинони деҳаи Варз ба Faraj.tj иттилоъ дода буданд, ки бунёди ин боғ дар мавзеи Дашти Варз имконнопазир аст.

— Дар солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои бунёди боғ ва умуман сукунат кардани мардум дар ин мавзеъ, идораи замин ва геодезӣ иҷоза намедод, зеро дар поёни ин макон шахсангҳои калон дар шакли муаллақ мавҷуданд, ки бо обёрӣ шудани  мавзеъ барои мардуми деҳаи Варз, ки дар Дашт ҷойгир шудааст, хатари ҳалокатовар хоҳад овард, — гуфта буданд сокинон.

Хабарнигори  Faraj.tj, бобати баррасии масъалаи мазкур ба мутахассисони идораи замин ва геодезии ноҳияи Айнӣ сӯҳбате низ анҷом дода буд.

Рӯзи гузашта Ҷӯрабек Муродоа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавриди сохтмони боғ ва гулгашти худ чунин ибрози назар кард:

— “Аз одам монад обу гил, аз номард монад оҳи дил”, гуфтаанд бузургон. Мо хостем, дар Дашти Варз боғ бунёд кунем, то ҷавонакҳо омада ин ҷо сайру гашт кунанд. Ман бисёр хурсанд шудам, ки сокинон маро ҳушёр карданд. Мо агар он ҷо дарахт шинонем, деҳаи Варз хароб мешавад. Маро падарам аз Курӯду модарам аз Варз ҳастанд. Наход, ман Варзро хароб карда, Курӯдро обод кунам? Ман дар ҳаётам ягон касро хафа ва ҷоеро хароб накардаам. Бигзор ватани азизи мо доим обод бошад. Ин бемориҳо аз ватани мо дур гардад. Бандагон як бор ба дунё меоянд, бигзор хуб зиндагӣ кунанд. Ба ҳамаи ҳамватанон сари баланд хоҳонам.

Тасмими бунёд накардани боғ ва гулгашти фароғатӣ  аз тарафи Ҷӯрабек Муродов дар ҳоле аст, ки дар маркази ноҳияи Айнӣ боғи муҳташами фароғатие нест. Сокинони маҳал ба он умеданд, ки Ҷурабек Муродов ҷиҳати бунёди боғ дар минтақаи бехатаре кӯшиш хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here