Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагию манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Қубодиён партовҳои маркази ноҳияро бо як аробаи худкори чинӣ мекашонад, ки он низ тариқи шартнома киро шудааст.
Ин ҳолатро сардори корхонаи мазкур Давлатзода Азизбек дар надоштани техникаҳои зарурӣ арзёбӣ кард. “Мо ду техника дорем, ки яке аз он корношоям буда, дигаре ба таъмири пура ниёз дорад. Аз ин хотир, маҷбур шудаем, барои кашондани партовҳои маркази ноҳия, як аробаи худкори чинӣ кироя кунем”- гуфт А. Давлатзода.
Номбурда илова кард, ки дар сурати зиёд шудани ҳаҷми партовҳои маишӣ мошинҳои КАМАЗ-ро бо роҳи бастани шартнома кироя мекунанд, чун илоҷи дигар надоранд.
Аз сӯҳбат бо Азизбек Давлатзода маълум гардид, ки корхона дар вазъи бади молиявӣ қарор дошта, бо далели доштани 269 ҳазор сомонӣ қарз аз андоз, суратҳисоби корхона баста шудааст.