Дар ноҳияи Қубодиён сохтмони мактаб-парваришгоҳи дуошёна бо харчи 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Арабистони Саудӣ ҷиҳати таъмини хонандагон бо синфхонаҳои муосир ва васеъ намудани ҷойи истиқомат дар ноҳияи Қубодиён сохтмони мактаб-парваришгоҳи дуошёна идома дорад.
Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мирзо Эшов, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ихтисос шудааст. Муассисаи мазкур барои 300 хонанда пешбинӣ шуда, хобгоҳи он дорои 100 кат мебошад. Азбаски бинои кунунии мактаб-парваришгоҳ солҳои пеш бунёд ёфтааст, ҳуҷраҳои хоби хонандагон ва синфхонаҳои таълимӣ дигар ҷавобгӯйи талаботи замон нестанд.
Айни замон дар ин муассиса 19 ятими кул ва 270 хонанда аз оилаҳои ниёзманд ба таълим фаро гирифта шудаанд.