17-уми апрел раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафирии нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Ҷон Марк Поммершаймро барои таъйин шуданаш ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд тақвияти тоза касб хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқот раиси Маҷлиси миллӣ пайгирона такмилу тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои судмандро тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарламентӣ тақозои шоистаи марҳилаи кунунӣ зикр намуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зарурати ҳамкориҳои байнипарламентиро ҳамчун омили мусоидаткунанда баҳри тавсеаи равобити тарафайн махсус таъкид намуда, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муҳиму саривақтӣ ва талаботи замон арзёбӣ карда, изҳори итминон намуд, ки ба ин васила мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷонибҳо дар оянда беш аз ҳарвақта оид ба тақвияту рушди заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус ҷалби сармоягузориҳо ба бахшҳои гуногуни истеҳсолӣ, илмию хизматрасониҳо мусоидати судмандро ба роҳ хоҳанд монд.
Дар идома, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз иқдомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзуд, ки таъмини фазои амн дар ҳудуди он барои мо бениҳоят муҳим мебошад ва мардуми ин мамлакати аз ноамнӣ азияткашида низ чун дигар халқҳои ҷаҳони муттамадин ҳуқуқ ва ниёз ба ҳаёти осоишта дошта, баҳри амнияти минтақа ва ҷаҳон барқарорсозии сулҳ, иқтисодиёт ва инфраструктура дар ин кишвар беш аз ҳарвақта ногузир мебошад.
Раиси Маҷлиси миллӣ бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи Амрико дар соҳаи илму маориф масъалаи пайваста ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар ин бахшҳо, пеш аз ҳама васеъ намудани барномаҳои омӯзишӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои Амрико барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик ва табодули афкори онҳоро ҳамчун тақозои замон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар навбати худ, ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохурӣ зикршуда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард.