28-уми ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентӣ тибқи даъват раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко,  президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер ва котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Петр Рябухин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом медиҳад.

Сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург то 1 декабри соли равон идома ёфта, тибқи барнома раиси Маҷлиси миллӣ дар кори ҷаласаҳои Шӯро ва чилу ҳаштуми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи санкт-петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина», инчунин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти дастаҷамъӣ ширкат менамояд.

Дар доираи сафар суханронии раиси Маҷлиси миллӣ дар Конференсияи байналмилалӣ «150-солагии Эъломияи Санкт-Петербургӣ оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои кафанда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» дар назар дошта шудааст.

Дар ин Конфронси сатҳи баланд, ки дар  Қароргоҳи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ — Қасри Таврический баргузор мегардад, раисони парламентҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, мудофиа, адлия аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, инчунин олимон, сиёсатмадорон ва намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар ширкат меварзанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here