Лоиҳаи ҲОУП (HOPE) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони гирифтори бемории сил дар беморхонаи “Мачитон” ҳуҷраи бозӣ мекушояд.

Масъули лоиҳа дар Тоҷикистон Манзума Салихова дар суҳбат бо faraj.tj гуфт ҳуҷраи бозии кӯдакон бо мизу курсии кӯдакона ва бозичаҳо фароҳам оварда шудааст. Кӯмаки хайриявӣ аз ҷониби мардуми Амрико ба хотири дастгирии кӯдакони гирифтори бемории сил расонида мешавад.

Бино ба гуфтаи масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии кишвар, лоиҳаи мазкур аз соли 1996 ёриҳои башардӯстонаро дар намуди доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон бо арзиши беш аз 300 миллион доллари ИМА ворид карда, аз соли 2001 тавассути татбиқи тадбирҳои миёнаравона барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории сил мусоидат мекунанд.

Лоиҳаи ҲОУП дар муддати тақрибан ду даҳсола дар шарикӣ бо Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории  сили Тоҷикистон, USAID, Хазинаи глобалӣ оид ба  мубориза бар зидди ВНМО, сил ва вараҷа, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллӣ ва ҷамоатҳо назорати ҳадафмандона ва ташхиси босифати бемории сил, муолиҷа ва дармони онро барои ҳамагон амалӣ намудааст. Ин талошҳо барои дармон ва ёрӣ ба 17000 бемор, ки зиёда аз 80 фоизи гирифторони сил дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here