Дар пайи дархости Ардуғон мардуми Туркия бо канор гузоштани доллар ба хариди тилло рӯй овардаанд. Шӯрои ҷаҳонии тилло ҳам гузориш дод, ки хариди тилло тавассути Бонки марказӣ ва мардуми Туркия дар соли 2017 ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Бино ба гузориши RT (Russia Today), пас аз он ки президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон аз мақомот ва мардуми кишвараш хост то аз доллар фосила бигиранд, Бонки марказӣ ва мардуми одӣ ба ҷойи доллар ба самти хариди тилло рӯй оварданд.

Бино ба гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло Бонки марказӣ ва мардуми Туркия аз ибтидои соли 2017 то кунун 47 тон тилло харидаанд, ки афзоиши чандбаробариро нисбат ба ҳамин муддати соли гузашта доштааст.

Аз аввали соли 2016 то 15 ноябр маҷмӯан 14.8 сабиқа ва сиккаи тилло аз тарафи давлат ва мардуми Туркия харидорӣ шудааст. Тайи соли ҷорӣ Бонки марказии Туркия то кунун 30.4 тон тилло харидорӣ кардааст.

Ин иқдоми мақомот ва мардуми Туркия дар сояи ташдиди буҳрони сиёсии байни ин кишвар ва Ғарб аст. Далели рӯй овардани туркҳо ба хариди тилло то ҳудуде коҳиши 15 дарсадии арзиши лир (пулии миллии Туркия) аз моҳи октябр то кунун будааст, ки нигаҳ доштани лирро барои мардум ин кишвар ғайриҷаззоб кардааст.

Туркҳо дар ҳоле ба хариди тилло рӯй овардаанд, ки талаботи ҷаҳонии тилло коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ хариди тилло дар ҷаҳон бо 9 дарсад коҳиш нисбат ба соли гузашта ба 915 тон расидааст, ки аз соли 2009 то кунун бесобиқа будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here