Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки ӯ амри лағви таҳримҳо алайҳи Туркияро додааст. ИМА пас аз оғози амалиёти Туркия дар Сурия алайҳи курдҳо ин таҳримотро ҷорӣ карда буд.

«Ман ба вазири молия дастур додам, ки ҳама таҳримоте, ки рӯзи 14 октябр дар робита ба амалиёти Туркия ҷорӣ шуда буд, бекор кунад» — гуфт Трамп зимни муроҷиати телевизионӣ.

Президенти ИМА гуфт, ки ҳукумати Туркия дар бораи қатъ шудани амалиёти ҷангӣ иттилоъ додааст. Ба ақидаи вай, сулҳ дар шимоли Сурия барои ҳамеша хоҳад буд.

Трамп ин сулҳро аз дастовардҳои Иёлоти Муттаҳида номид, ки ба туфайли он курдҳо тавонистанд марзро бо Туркия оромона тарк кунанд.

«Ин чизест, ки мо, Иёлоти Муттаҳида, ба даст овардем ва на каси дигаре, на кишвари дигаре», — гуфт сарвари давлат. Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида тавонист ҳаёти бисёр курдҳоро наҷот диҳад.

Доналд Трамп гуфт, ки шумораи ками кормандони низомӣ дар Сурия — «дар ҷойҳое, ки нафт мавҷуд аст» боқӣ хоҳанд монд. «Мо онро ҳимоя хоҳем кард ва қарор хоҳем кард, ки дар оянда бо он чӣ кор кунем», — гуфт президенти ИМА.

Туркия амалиёти низомии «Манбаи сулҳ»-ро дар Сурия 9 октябр оғоз кард. Нимашаби 18-уми октябр Анқара амалиётро қатъ кард. Он дирӯз, 23 октябр, анҷом ёфт. Аммо, Туркия ният надорад, ки қаламрави Сурияро комилан тарк кунад. Ҳамчун як қисми созишнома, Вашингтон ваъда додааст, ки қувваҳои курдро аз хати демаркатсия 30 км ҷанубтар аз сарҳади Сурия бо Туркия берун меорад. Русия ва Туркия ба назорати сарҳади озодшуда аз курдҳо шурӯъ хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here